Тоҷикистону Куриё созишномаро имзо мекунанд

Февраль 3, 2012 14:31

Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 2 феврал дар шаҳри Душанбе мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо вакили муваққатии корҳои Сафорати Ҷумҳурии Куриё дар ҶТ Ён Ҷон – Ку баргузор гардид.С.Девонаев дар ҷараёни мулоқот ба дипломати Куриё аз фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, вазифаҳои асосӣ ва дурнамои он нақл кард.Сардори Хадамоти муҳоҷирати ҶТ зикр намуд, ки лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ перомуни ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии миёни Тоҷикистону Куриё таҳия ва бо вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст.Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ин созишнома бояд ҳар чи зудтар ба имзо расонида ва стратегияи рушди ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ муайян карда шавад.

Февраль 3, 2012 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд