Тоҷикстандарт ба таълиму тарбия сару кор мегирад

Февраль 3, 2012 15:01

Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар Агентии Тоҷикстандарт семинари машваратӣ баргузор гардид.Мудири шӯъбаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии Вазорати маорифи ҶТ Ҷавҳаршо Имматшоев қайд намуд, ки Тоҷикстандарт аввалин мақомоти ғайритаълимиест, ки ба масоили таълиму тарбия таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд.«Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавзӯъҳое буданд, ки дар ҷараёни семинар муҳокима гардиданд.Иштирокчиёни семинар ҳангоми баррасии масъалаҳои доир ба як қатор ҳолатҳои кори таълиму тарбия, аз ҷумла тарбияи оилавӣ, тарбия дар боғча, ҳамкории мактаб, оила ва аҳли ҷомеъа ба тариқи баҳсу мунозира ва пурсишу посух изҳори ақида намуданд. Маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт» дастури муфидро бо унвони «Чанд маслиҳат ба падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон» чоп намуд, дастраси иштирокчиён гардонид. Ба гуфти намояндаи Вазорати маориф ин аввалин дастур – раҳнамоест, ки дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо ташаббуси Агентии Тоҷикстандарт ба табъ расидааст.

Февраль 3, 2012 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд