Тоҷирони Мурғоб боинсофанд
Хоруғ, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Дар ноҳияи Мурғоб талаботи мардум ба маводи сӯхт хеле зиёд аст, зеро сармо тамоми фаслҳои сол дар ин мавзеъ ҳукмфармост. Одатан қиммати ҳар колое, ки ниёзи мардум ба он бештар аст, пайваста, боло меравад ва ин, албатта, қонуни бозор аст, аммо дар ин ҷо, баръакс, тоҷирон нархро баланд намебардоранд. Дар он ҷо нархи бензин гарон нест, аммо дар фасли сармо ба иллати баста шудани роҳ барои дастрас кардани ин маводи сӯхт ба шаҳри Душанбе сафар мекунанд.Дар омади гап бояд гуфт, ки мардум бензинро дар ин ҷо барои гиронидани ҳезуми тар низ истифода мебаранд. Ангишт ҳам дар ин ҷо нархи арзонтар дорад. Агар дар шаҳри Хоруғ 1 килограмм ангишт 1 сомонӣ бошад, пас дар ноҳияи Мурғоб 75 дирам аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






