Усули KAIZEN дар Тоҷикистон

Февраль 7, 2012 13:20

Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Палатаи савдо ва саноати ҶТ якҷоя бо Барномаи Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) — «Мусоидат ба ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Душанбе барои роҳбарони корхонаҳои аъзои Палатаи савдо ва саноати ҶТ ҷиҳати татбиқи принсипҳои KAIZEN мизи мудаввар доир намуд.Дар амал татбиқ намудани системаи мазкур имкон медиҳад, ки мақсадҳои мушаххас бобати коҳиш додани арзиши аслии маҳсулот бо роҳи аз байн бурдан ё кам кардани талафи вақт, маблағ, масолеҳ, саъю кӯшишҳо, баланд бардоштани сифати молу хизматрасонӣ, кам кардани хароҷоти тарҳрезӣ ва истеҳсоли маҳсулот ба даст оянд.«Талабот ба густариши рақобатпазирии маҳсулот дар бозорҳои дохилию хориҷӣ аз ҳисоби баланд бардоштани сифат, ҳосилнокии меҳнат ва самаранокии ташкили истеҳсолот пайваста бо хароҷоти ками маблағ зарурати дар Тоҷикистон рӯйи кор овардани усули KAIZEN – ро талаб мекунад», — гуфт дар ҷараёни мизи мудаввар муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Лариса Кислякова.

Февраль 7, 2012 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад