Узви нави Раёсати ББҲБ аз ҶТ

Февраль 16, 2012 15:05

Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2012 муовини аввали вазири маорифи ҶТ Фарҳод Раҳимов узви Раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстона (ББҲБ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайин гардид. Дар ин бора аз намояндагии ББҲБ дар ҶТ хабар доданд.Хотирнишон месозем, ки доктори илми физикаю математика Ф.К.Раҳимов соли 1992 факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Соли 1995 ба ҳайси аспиранти Институти муттаҳидаи тадқиқоти ядроии шаҳри Дубнаи вилояти Маскав рисолаи номзадиро ҳимоя намуд. Баъди хатми аспирантура дар кафедраҳои физикаи назариявии умумӣ фаъолият намуда, соли 2005 рисолаи докториро дифоъ кард.Аз соли 2001 то соли 2005 ба ҳайси сардори Раёсати ҳамоҳангсозӣ ва дурнамои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дошт. Соли 2005 муовини вазири маорифи ҶТ ва моҳи декабри соли 2006 муовини аввали вазири маорифи ҷумҳурӣ тайин шуд.Ф.Раҳимов муаллифи беш аз 100 асари илмӣ, 14 рисолаю китобҳои дарсӣ аз рӯи физика барои донишкадаҳои олӣ мебошад.

Февраль 16, 2012 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад