Вақте ки қонун сарфи назар мешавад
Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Санҷиши хусусигардонии ҷамияти саҳомии шакли кушодаи «Бюрои махсуси конструкторию технологии мошинсозӣ» дар Кумитаи давлатии сарморягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ нишон дод, ки корхона бар хилофи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ба ҷамъияти саҳомӣ табдил дода шуда, саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи он аз будаш камтар нархгузорӣ карда шудаанд,- иброз намуданд дар Агентии назорати давлатии молиявӣ (НДМ) ва мубориза бо коррупсия ба мухбири АМИТ «Ховар». Сипас корхонаи мазкур ба маблағи 115 ҳазор сомонӣ фурӯхта шудааст, ки аз ин ба буҷаи давлатӣ 215 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ расонида аст. Баъдан бинои иншооти ҶСШК «Бюрои махсуси конструкторию технологии мошинсозӣ» хилофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон Горлов Константин Семёнович ба маблағи 950 ҳазор доллар фурӯхта шудааст.Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсия барои ба амволи давлатӣ баргардонидани воситаҳои асосии ЧСШК «Бюрои махсуси конструкторию технологии мошинсозӣ» ба Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон аризаи даъвогӣ ирсол намуда, бинои 8 ошёна, ки масоҳати он 11 ҳазор метри квадратӣ ва майдони замини он, ки зиёда аз се гектаррро ташкил медод, баргардонида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






