Ваъдаи вакилон

Февраль 28, 2012 10:38

Кӯлоб, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов ). – Дар шаҳри Кӯлоб вохӯрии намояндагони маҷлиси вакилони халқ бо интихобкунандагон баргузор гардид. Мақсад аз ин вохӯрӣ баррасии корҳои анҷомдодаи вакилон дар тӯли ду соли сипаригардида буд. Зимни вохӯрӣ интихобкунандагон аз набудани лӯлаҳои оби ошомиданӣ дар маҳаллаҳои навбунёд, таъмири роҳҳои маҳаллӣ, таъмин накардани аҳолӣ бо барқ, таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кардан ба оромгоҳҳо, таъмири мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва перомуни дигар масъалаҳои мубрами рӯз ҳарф заданд. Вакилон изҳор намуданд, ки ин мушкилот бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб то охири сол ҳал хоҳад шуд.

Февраль 28, 2012 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон