Вакилон қонуни ангиштро таҳия карданд
Душанбе, 9 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Сарзамини Тоҷикистон 4,5 миллиард тонна захираи ангишт дошта, аммо дар як сол дар ҷумҳурӣ ҳудуди беш аз 140 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда мешавад. Матлаби мазкур дар муҳокимаи парлумонӣ, ки 9 феврал дар палатаи поёнии парлумон баргузор гардид, зикр шуд. Муҳокимаи парлумонӣ бо ибтикори Кумита доир ба масъалаҳои энергетика, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагон гузаронида шуда, дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт», ки аз сӯи вакилон Шодӣ Шабдолов, Маҳмадраҳим Каримов, Исмоил Талбаков ва Маҳмадшариф Нозимов таҳия шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Муаллифони лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» умедворанд, ки таҳия ва қабули қонуни мазкур дар мувофиқа бо стандартҳои байналмилалӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, метавонад барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва рушди соҳаи истихроҷу истифодаи ангишт заминаи боэътимод гузорад. Инчунин, қабули қонуни мазкур имконият медиҳад, ки саноати ангишт дар кишвар рушд ёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






