Варзиш- воситаи ваҳдату ҳамойӣ ва солимӣ
Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 20- солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади татбиқи сиёсати давлат дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, санаи 11-12 феврали соли 2012 дар базаи «Сафедорак»-и ноҳияи Варзоб мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ доир ба лижаронии кӯҳӣ миёни кӯдакон, наврасон ва ҷавонон доир гардид. Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур нахустин чорабинии варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар соли равон маҳсуб мешавад.Мусобиқа бо ширкати 60 нафар лижарон сурат гирифта, ғолибон муайян шуданд. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ба ғолибон тӯҳфа ва диплому медалҳоро супорид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






