Варзишгари тоҷик Николай Ноев- барандаи медали биринҷӣ

Февраль 9, 2012 14:00

Душанбе, 9 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Тавре ки аз Кумитаи миллии олимпии мамлакат хабар доданд, дар шаҳри Софияи Булғористон бо ширкати зиёда аз 100 варзишгари беҳтарини ҷаҳон мусобиқаи байналмилалии гӯштини тарзи озод ва юнонию румӣ ба анҷом расид, ки дар он узви дастаи миллии ҷумҳурӣ Николай Ноев дар вазни 60 кг хуб ҳунарнамоӣ карда, соҳиби медали биринҷӣ шуд. Бояд тазаккур дод, ки Ноев соли гузашта дар чемпионати ҷаҳон ҳам ҳунари хуб нишон дода буд. Ин варзишгар имконияти хуби ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Лондонро соҳиб аст.

Февраль 9, 2012 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд