Вазъи фурӯши намаки ошӣ
Кӯлоб, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов). – Дар ноҳияи Восеи минтақаи Кӯлоб корхонаи калони намаки ошӣ фаъолият мекунад. Захираи кони намак барои солҳои зиёд мерасад, аммо тарзи тайёр кардани он ба стандарти йоднок кардашудаи давлатӣ ҷавобгӯ нест. Мутобиқи гузориши маркази ташхисии мубориза бар зидди касалии ҷоғар дар айни замон ин намуди касалӣ дар байни наврасон ва ҷавонон бештар аст, ки ин аз бейод будани намак мебошад. Дар ҳамаи марказҳои савдои шаҳр фурӯши намак ба роҳ монда шудааст, вале ба меъёр ҷавобгӯй будани он аниқ нест. Аслан ин вазифаи Агентии назорати стандарти давлатист.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






