Вазъи соҳаи тандурустии Мурғоб хуб аст
Хоруғ, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Рӯзномаҳо перомуни дар беморхонаҳои ноҳияи Мурғоб кифоят накардани табибон бисёр навиштаанд. Дар асл нарасидани табибон дар саросари бемористонҳои ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад. Дар ноҳияи Мурғоб ин амр сабабҳои худро дорад. Гап сари он аст, ки муҳити табиии ин мавзеъ хеле вазнин буда, зимистон сардии ҳаво баъзан аз 50 дараҷа ҳам мегузарад. Аз ин лиҳоз дар ин ҷо асосан зодагони ҳамин диёр кор карда метавонанду халос. Солҳои охир бо ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ вазъи нигаҳдории тандурустӣ дар ноҳия хеле беҳтар гардид. Тавре сардухтури беморхона Тағойбек Ғозибеков иттилоъ дод, ҳоло бо мадади Ҳукумати ҷумҳурӣ 16 нафар зодагони ноҳия дар донишгоҳҳои тиббии шаҳрҳои Душанбе, Ӯш ва Бишкек таҳсил мекунанд. Ба гуфти Тағойбек Ғозибеков, фақат тайи 3 соли охир ҳамаи муассисаҳои тиббии ноҳия бо дизелҳои гармидиҳӣ ва дастгоҳҳои гуногуни тиббӣ, аз ҷумла, дастгоҳи рентгентӣ ва УЗИ таъмин шуданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






