Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамкориҳоро густариш медиҳад
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз бо тамоми ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ баҳри вусъат бахшидани муносибот бо созмони Оғохон доир ба рушд ҳамеша омода аст», — зикр намуд вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода зимни мулоқот бо Намояндаи доимии Созмони Оғохон доир ба рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунир Миралӣ. Аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот Мунир Миралӣ атрофи нақшаю барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби созмони мазкур дар бахши хусусӣ, молия ва бонкдорӣ, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, ҷоннок кардани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кишвар, инчунин тайёр намудани кадрҳо дар бахши иқтисод, меҳмондорӣ ва туризм, суғурта ва дигар самтҳои бахши иҷтимоӣ изҳори ақида ва пешниҳодҳои мушаххас намуд. Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳ мубодилаи афкор намуданд.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






