Вохӯрии китобдорони суғдӣ бо сарбозон

Февраль 24, 2012 15:32

Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода ва Нилуфари Назар).- Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дирӯз дар китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозони қисми низомии 3501- шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ баргузор гардид. Дар он саркитобдори шӯъбаи матбуоти даврӣ Нигорахон Абдуллоева ба иштирокдорон аз таъсис ва дастовардҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар маърӯза кард. Сипас китобдорони шӯъбаҳои хизматрасонӣ дар васфи Ватан шеърҳо қироат намуданд. Инчунин сарбози қисми низомии 3501 Аюбҷон Қароев таассуроти худро аз ҷараёни хизмати Ватан нақл намуда, таъкид кард, ки хизмати аскарӣ барои ҳар як фарзанди кишвар қарзи шаҳрвандӣ ба шумор меравад.

Февраль 24, 2012 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад