Ярмарка бо пешниҳоди ҷойи кор
Суғд, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).- Бо мақсади таъмини шаҳрвандони бешуғл бо ҷойи кори доимӣ 17- уми феврал дар Муассисаи давлатии «Қасри ҷавонон»-и шаҳри Хуҷанд ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид. Дар ярмарка раёсату шӯъбаҳои Агентии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Қайроққум,Чкалов, Табошар, Ҷ.Расулов, Спитамен иштирок намуданд. Дар ярмарка 89 намояндаи ташкилоту муассисаҳои гуногун иштирок намуда, 1300 ҷойи кории холиро пешниҳод намуданд. Дар ярмарка зиёда аз 620 нафар шаҳрванди бекор иштирок намуда, ба 42 нафар шаҳрванди корҷӯй барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидан роҳхат дода шуд. 28 нафар шаҳрванд барои касбомӯзӣ ба муассисаҳои таълимии системаи Агентӣ ҷалб шуда, 9 нафар шаҳрванди бо хоҳиши кор кардан берун аз ҷумҳурӣ номнавис гардиданд. Музди моҳонаи пешниҳодшуда аз 120 сомонӣ то 900 сомонӣ буд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






