Ярмарка- фурӯши ниҳол ва тухмӣ
Суғд, 28 феврал.(АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).- Дар арафаи фасли баҳор бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаи ороишӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои ситоди баргузории ин чорабинӣ аз тарафи хоҷагиҳо ва шахсони алоҳида 1 млн. 150 ҳазор бех анвои зиёди ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ ва гулу буттаҳо барои фурӯш пешниҳод карда шуд. Ниҳолпарварон дар баробари он, ки миқдори ниҳолҳоро зиёд кардаанд, вобаста ба талаботи харидорон ҳангоми ба бунёди боғу токзор ба сифати ниҳол низ бештар диққат дода, сертификат гирифтанд, зеро сертификат ин кафолати навъу намуд ва самараи ҳосилдиҳии ниҳол мебошад. Дар ярмарка- фурӯши ниҳолҳо дар шаҳри Хуҷанд ниҳолпарварон аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва олимони Эрон низ ширкат варзида, самараи кори ниҳолпарварӣ ва вусъати бунёди боғу токпарварӣ дар Тоҷикистонро нек арзёбӣ намуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






