Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар Суғд
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар муассисаи давлатии «Қасри ҷавонон» — и шаҳри Хуҷанд ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид. Аз рӯи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ярмарка аз тарафи сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилоят ташкил гардид. Дар ярмарка 89 намояндаи ташкилоту муассисаҳои гуногуни вилоят иштирок ва 1300 ҷойи кории холӣ пешниҳод намуданд. Музди маоши ҷоӣҳои кории холии пешниҳод гардида аз 120 сомонӣ то 900 сомонӣ мебошад. Дар ҷараёни ярмарка ба зиёда аз 42 нафар шаҳрванди корҷӯй роҳхат дода, 28 нафар шаҳрванд барои касбомӯзӣ ба муассиссаҳои таълимии системаи Агентӣ ҷалб шуданд. Ҳамчунин 9 нафар шаҳрванди бекор барои кор берун аз ҷумҳурӣ номнавис гардиданд. Дар ярмарка зиёда аз 620 нафар шаҳрвандони бекор ширкат варзиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






