Ёде аз Ширин Бунёд
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бахшида ба 70-умин солгарди зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия маҳфили адабӣ баргузор гардид.Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд, дар шоми ёдбуд меҳмонони зиёд аз шумори дӯстону наздикон, пайвандон, аҳли хонадон ва шогирдону ҳаводорони шоир ҷамъ омада, аз рӯзгор ва эҷодиёти ӯ, мавзӯъ ва вежагиҳои осори ӯ, лаҳзаҳои хотирмони ҳаёти шоир, хислатҳои накӯ ва фазилатҳои наҷибаш сӯҳбат оростанд. Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдумаҷид Достиев дар бораи осори Ширин Бунёд, робитаҳояш бо шоир, бахусус аз лаҳзаҳои фаромӯшнопазири сӯҳбату дидор ва хулқу атвори накӯи номбурда ёдовар гардид. Сафири кишвар аз хотироташ ба Бадахшон дар давраҳои гуногун ҳарф зада, зимнан таъкид кард, ки «Ширин Бунёд зодаи як гӯшаи Ватани азиз – Бадахшон аст, маконе, ки мардумаш меҳмондӯсту меҳмоннавоз ва ҳар як деҳқони оддияш шоир аст. Ӯ бо кору зиндагӣ ва ашъори ҷолиби худ дар дилу дидаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ҷой гирифта, барҳақ, имрӯз дар сафи шоирони тавонои муосири тоҷик шинохта шудааст». Сипас, паёми Меҳмон Бахтӣ — раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Лаълҷубаи Мирзоҳасан – раиси бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба аҳли маҳфил, ба аъзои хонадону пайвандони шоир ва роҳбарияти Сафорати кишвар дар Русия қироат гардид. Дар баргузории маҳфил ва хотирмон гардидани он фарзандону наберагон ва пайвандони Ширин Бунёд нақши фаъол доштанд. Набераҳои шоир Гулафшону Сабоҳат ва Сурушу Зулол аз ашъори Ширин Бунёд намунаҳо қироат намуданд. Дар охири нишаст дар бораи ҳаёту фаъолияти шоир филми мустанад намоиш дода шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






