Юсуф Абдусаломов –барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё-2012

Февраль 22, 2012 15:06

Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).– Рӯзҳои 18-19 феврали соли равон дар шаҳри калонтарини Куриёи Ҷанубӣ- шаҳри Гум чемпионати Осиё доир ба гӯштини тарзи озод ва юнону румӣ баргузор гардид. Кишвари моро дар ин чорабинӣ варзишгари шинохтаи мамлакат, барандаи медали нуқраи бозиҳои Пекин-2008 Юсуф Абдусаломов намояндагӣ намуда, медали биринҷӣ ба даст овард.Юсуф Абдусаломов имрӯзҳо талош бар он дорад, ки дар бозиҳои литсензионӣ хуб баромад карда, сазовори роҳхати олимпӣ шавад.Бино ба иттилои раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-ноиби аввали Президенти Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ба Юсуф Абдусаломов барои натиҷаи ба даст овардааш дар сабқати қаҳрамонии Осиё -2012 аз номи Президенти Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 5000 сомонӣ тӯҳфаи нақдӣ пешниҳод гардид.

Февраль 22, 2012 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд