Захираи тухмӣ басанда нест

Февраль 28, 2012 10:01

Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- То 10 –уми феврали соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ)- и ҷумҳурӣ ба андозаи 44 ҳазору 60 тонна ғаллаи тухмӣ (бе ҷуворимакка ва фонди эҳтиётӣ), аз ҷумла 39 ҳазору 555 тонна гандум, 479 тонна шолии тухмӣ, 402 тонна ҷуворимаккаи тухмӣ, 23 ҳазору 155 тонна картошкаи тухмӣ, 59 тонна сабзавоти тухмӣ ва 20 ҳазору 644 тонна чигити тухмӣ захира шудааст.Тибқи маълумоти раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба андозаи 26 фоиз сабзавоти тухмӣ ва 16 фоиз чигити тухмӣ зиёд захира шудааст. Ба иттилои манбаъ, дар ин муддат 15 фоиз камтар ғаллаи тухмӣ ва лӯбиёгиҳо, аз ҷумла гандуми тухмӣ 16,6 фоиз, шолии тухмӣ 4 фоиз, ҷуворимаккаи тухмӣ 39 фоиз ва 16 фоиз камтар картошкаи тухмӣ захира шудааст, ки дар мавсими кишт метавонад ба кор халал ворид намояд.

Февраль 28, 2012 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад