100 млн. доллар барои татбиқи Стратегии шарикӣ
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ду рӯз пеш сафари директор оид ба стратегия ва амалиёти Бонки ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерс ва директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Кумар Ҷо дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон анҷом ёфт. Ҷанобон Теодор Алерс ва Кумар Ҷо ҳадаф аз ин сафарро ба ҷумҳуриҳои зикршуда мулоқот бо мақомоти дахлдори ҳукуматҳои ин ҷумҳуриҳо ва шарикон оид ба амалисозии лоиҳаҳои мададрасон арзёбӣ кардаанд,- иттилоъ доданд аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба мухбири АМИТ «Ховар». Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ зимни боздид аз Тоҷикистон масъалаи тайи ду соли наздик ба Тоҷикистон ҷудо намудани маблағи 100 млн. доллари амрикоиро баррасӣ намуда, онро қисмате аз дастгирии машваратӣ дар татбиқи Стратегии шарикӣ донистаанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






