115 ҳазор доллар барои гурӯҳҳои таъиноти махсус
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Маркази ҳамкории ҳарбии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои гурӯҳҳои таъиноти махсуси Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон лавозимот ва таҷҳизоти инфиродӣ супурд, ки он иборат аз либоси гарм ва лавозимоти тактикӣ мебошад. Арзиши лавозимоту таҷҳизоти зикршуда беш аз 115 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил медиҳад.Тавре аз Сафорати ИМА дар ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, таҷҳизоти инфиродиро беш аз 40 нафар кормандони гурӯҳҳои зудамали таъиноти махсуси Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон мавриди истифода қарор медиҳанд. Ба гуфтаи манбаъ, лавозимоту таҷҳизоти зикршуда ба саъю кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бо унсурҳои ифротталаб таъсири мусбат мерасонад. Ин кӯмаки техникӣ маҳсули яке аз лоиҳаҳои аз ҷониби Сафорати ИМА дастгирӣ шудани Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






