Ғ.Авзалов : «Чорводориро бояд вусъат дод»
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – 19 март дар шаҳри Қӯрғонтеппа иҷлосияи нӯҳуми даъвати чоруми Шӯрои вилоятии намояндагони халқи вилояти Хатлон баргузор гардид. Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов зимни гузоришаш иброз дошт, ки бояд ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолот таваҷҷӯҳи хоса дода шавад. Мавсуф ҳамчунин гуфт, ки бояд механизми рушди соҳибкорӣ роҳандозӣ шуда дар ҷамоатҳо корхонаҳои саноатӣ бунёд гарданд. Ғ.Авзалов ҳамчунин зикр намуд, ки имрӯз дар вилояти Хатлон 37 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта ва нишондиҳандаҳои истеҳсолии онҳо афзоиш меёбад. «Бояд риштаи чорводориро тараққӣ дода, барои ин мутахассисони соҳаи мазкур ҷалб карда шаванд. Алҳол дар вилоят беш аз 100 лоиҳаи сармоягузорӣ роҳандозӣ мешавад, ки ин ба рушди соҳибкорӣ мусоидат хоҳад намуд», — гуфт Ғ.Авзалов.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






