Ғолибони озмун муайян шуданд
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Ғолибони озмуни байни журналистон дар мавзӯи бемории сил номбар шуданд. Маросими расмии мукофотонидани ғолибони озмун бо иштироки муовини вазири тандурустии ҶТ Соҳибназар Раҳмонов дар «Кохи Ҷомӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Ҷойҳои аввалро дар бахши телевизион, радио ва сомонаҳо муҳаррири Муассисаи давлатии телевизиони Сафина Таҳмина Ҳасанова, муҳаррири барномаи «Ворисони Сино» — и радиои «Садои Душанбе» Қудратулло Раҳматуллоев ва журналисти Агентии иттилоотии «Озодагон» Абдулазизи Восеъ ишғол намуданд.Ҷойҳои дуюм насиби корманди ҳафтавори «Ҷавонони Тоҷикистон» Сайфиддин Суннатӣ, муҳаррири барномаи «Мадади Сино» — и шабакаи аввали телевизион Парвина Мухторова, муҳаррири телевизиони Бадахшон Умеди Муҳаммадпаноҳ, муҳаррири барномаи «Гуфтумон» — и радиои «Ватан» Алиҷон Ҷӯраев ва журналисти Агентии иттилоотии матбуоти Тоҷикистон Нӯъмон Абдуҳамидов гардид. Ҷойи сеюмро корманди ҳафтавори «Тоҷикистон» ва журналисти ҳафтавори «Шӯълаи умед» — и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Барно Султонова касб намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






