Ғоратгарӣ дар пойтахт
Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Назрулло Асозода).- Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, санаи 08 марти соли 2012 аризаи шаҳрванд Зикаев О.(соли таваллудаш 1983, сокини кӯчаи Турсунзода) ворид гардид, ки 01 марти соли 2012 тахминан соати 2:00 дар хонаи 197, воқеъ дар кӯчаи Алочабофони ноҳияи Рӯдакӣ Билол ном шахс бо 4 нафар рафиқонаш бо роҳи зӯроварӣ ӯро латукӯб намуда, аз кисааш 5500 доллари ИМА-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ маълум гардид, ки шаҳрвандон: Абдулҳаев Билолиддин (соли таваллудаш 1989, сокини кӯчаи Деҳотӣ, бекор), Ятимов Пирумшоҳ Давлатхӯҷаевич (соли таваллудаш 1990, сокини кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон, бекор), Ғиёсов Мирзомуддин (соли таваллудаш 1990, сокини ҳамон ҷо, донишҷӯи бахши 3-юми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дастгир карда шуданд. Барои дастгир кардани боз ду нафар гумонбаршуда чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ идома доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






