Қадршиносии собиқадорон
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар маркази вилояти Cуғд — шаҳри Хуҷанд ба як қатор собиқадорон мукофоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин тантана раиси вилоят Қоҳир Расулзода иштирокчиёнро бо фаро расидани Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик намуда, нисбат ба ғамхориҳои пайвастаи роҳбари давлат бобати қадршиносии заҳматҳои касоне, ки баҳри рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол фидокорона меҳнат кардаанд, арзи сипос намуд. Ёдовар мешавем, ки соли равон ба муносибати Иди Наврӯз дар кишвар 400 нафар собиқадори меҳнат бо мукофотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд, ки 85 нафари онҳо аз вилояти Суғд мебошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






