Қочоқчиён дастгир шуданд
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар ҷануби кишвар 3 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба гумони қочоқи маводи нашъаовар дастгир шуданд. Мувофиқи хабари ВКД ҶТ, 11 март дар ҷараёни амалиёти фаврӣ дар ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа ҳангоми аз назаргузаронии автомобили сокини 27 — солаи ноҳияи Восеъ як бастаи селофании дорои беш аз 1,5 килограмм маводи нашъаовар пайдо гардид. Маълум шуд, ки ин миқдор маводи нашъаовар азони сокини 45 — солаи ҷамоати Мичурини деҳаи Меҳнатобод будааст. Мувофиқи суханони манбаъ, дар ҷараёни амалиёти навбатӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҷомӣ 2 нафар сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа дастгир шуданд. Ҳангоми тафтишот аз якеи онҳо беш аз 1 килограмм маводи нашъаовар пайдо ва мусодира гардид. Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






