Қонун «Дар бораи ангишт» баргардонида шуд
Душанбе, 7 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт», ки мебоист 7 март дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул мегардид, бо пешниҳоди Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз рӯзномаи ҷаласа бардошта шуд. Сабабаш дар ҷаласа иштирок надоштани вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ буд. Шукурҷон Зуҳуров афзуд: ман борҳо таъкид намудаам, ки бидуни иштироки вазир ва роҳбарони идораҳои марбута дар ҷаласаҳои парлумони кишвар масъалаҳои соҳавӣ баррасӣ ва қабул намегарданд. Мавсуф зикр кард, ки ҳол он ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» қонуни нав ва мукаммал буда, нисбат ба он вакилон саволу пешниҳоди зиёд ба вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ доранд. Инчунин дар соҳаи саноат ва энергетикаи кишвар мушкилоти зиёд вуҷуд доранд, ки онҳоро метавон бо иштироки вазир баррасӣ ва ҳал кард. Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат Шодӣ Шабдолов, Маҳмадраҳим Каримов, Исмоил Талбаков ва Маҳмадшариф Нозимов таҳия шудааст. Ба андешаи Шодӣ Шабдолов, қонуни мазкур ба рушди соҳаи энергетика ва саноати кишвар мусоидат намуда, дар фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ нақши муассир хоҳад бозид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






