Ҳаҷми хидматрасонии пулакӣ афзуд
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Ҳаҷми хидматрасонии пулакии аҳолии Тоҷикистон тайи моҳҳои январ — феврали соли равон беш аз як миллиарду 200 миллион сомониро ташкил дод, ки назар ба ҳаҷми ҳамин давраи соли гузашта 14,5 фоиз зиёд аст. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, корхонаю ташкилотҳои сабтшудаи хидматрасонии пулакии аҳолӣ ба маблағи 494 миллиону 300 ҳазор сомонӣ хидмат расонидаанд, ки 39,9 фоизи хидматрасонии умумиро ташкил медиҳад.Дар ҳамин давра шаҳри Душанбе ҳаҷми хидматрасонӣ ба ҳар сар аҳолиро нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи ҷумҳурӣ баробари 3,9 фоиз афзун намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






