Ҳайати ҶТ ба Берлин рафт
Душанбе, 7 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 6 март ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров ва муовини аввали вазири мелиоратсия ва захираҳои оби мамлакат Султон Раҳимов барои иштирок дар Конфронси «Дипломатияи об барои Осиёи Марказӣ», ки 7 — 8 марти соли равон баргузор мегардад, ба шаҳри Берлин рафт.Ин чорабинӣ бо ибтикори Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон роҳандозӣ мешавад. Иштироки ҳамаи намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вазоратҳои оид ба масъалаҳои оби кишварҳои Осиёи Марказӣ дар конфронс дар назар аст.Аз рӯи натиҷаи конфронс Изҳороти муштарак қабул мешавад.Дар ин бора дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






