Ҳайатии расмии Олтой дар Суғд
Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 12 март ҳайати расмии кишвари Олтойи Федератсияи Русия ба вилояти Суғд ташриф овард ва имрӯз раиси вилоят Коҳир Расулзода онро ба ҳузур пазируфт. Муовини губернатори кишвари Олтой Борис Ларин зимни мулоқот изҳор дошт, ки минбаъд низ ҳамкориҳои судманди дутарафа ривоҷ дода мешаванд. Танҳо соли гузашта табодули молу маҳсулот миёни кишвари Олтой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи беш аз 20 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз вилояти Суғд ба кишвари Олтой асосан меваҷот, сабзавот ва маҳсулоти консервагӣ содир шуда, аз кишвари Олтой ғалла, орду маҳсулоти ордӣ, равғани растанӣ, чӯбу тахта ворид мешавад. Ҳамчунин ҳамкориҳо дар самти маориф ва тиб низ дар сатҳи лозимӣ ба роҳ монда шудаанд. Алҳол дар Донишгоҳи тиббии Олтой 110 нафар донишҷӯ аз вилояти Суғд таҳсил менамоянд.Қоҳир Расулзода зикр намуд, ки ҳанӯз на ҳамаи имкониятҳои мавҷуда дар самти ҳамкориҳои судманд дар амал татбиқ гаштаанд. Барои боз ҳам ривоҷ додани имкониятҳо, аз ҷумла ташкили корхонаҳои муштарак, ҷалби сармоягузорӣ дар саноат ва коркарди маҳсулоти кишоварзию сайёҳӣ заминаҳои воқеӣ мавҷуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






