Ҳамкориҳои кишоварзон бо IFC
Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-6 март дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири кишоварзӣ Қ.Қосимов бо менеҷери барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Беларус хонум Олга Щербина ва оператори калон оид ба ҳамкориҳо хонум Селма Расавак доир гардид. Дар вохӯрӣ ҳамкориҳои дуҷониба миёни вазорати кишоварзӣ ва намояндаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) оид ба рушди ҳамкориҳо баҳри амалӣ намудани барномаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ мусбат арзёбӣ гардид. Ёддовар мешавем, ки Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) институти глобалии молиявӣ буда, ба гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ дохил мешавад ва 50 сол боз баҳри рушди сектори хусусии давлатҳои тарақкикунанда кӯмак мерасонад. Корпоратсияи мазкур асосан хизматрасониҳои зеринро дар рушди сектори хусусӣ: таъмини қарзҳои дарозмуддат ва грантҳоро бо мақсади татбиқи лоиҳаҳо бо асъори ватанию хориҷӣ амалӣ менамояд.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти IFC асосан дар рушди истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар муассисаҳои хурди тиҷоратӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин дигар ташаббусҳо дар рушди бахши инфиродии иқтисодӣ дастгирӣ меёбанд. Аз соли 2004 инҷониб (IFC) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳо оид ба рушди тиҷорати хурду миёна, рушди молиявии кишоварзӣ ва беҳбудии соҳибкории миёна, фаъолияти идораи кооперативӣ, дастгирии байнисарҳадии қарзҳои хурд ва хадамоти машваратиро амалӣ менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






