Ҳамкории хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Маркази зиддитеррористии ИДМ аз 29 феврал то 1 марти соли 2012 дар шаҳри Одинсовои вилояти Маскав Маҷлиси машваратии V роҳбарон (сардорони ситодҳо) – и марказҳои зиддитеррористии миллии давлатҳои аъзои ИДМ, намояндагони хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар мавзӯи «Нақшу рисолати мақомоти амният, хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ИДМ дар таъмини амнияти АвруОсиё» доир намуд. Мақсад аз ин чорабинӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак ва муайян намудани муносибатҳои умумию самарабахш дар муборизаи зидди терроризм ва ифротталабии байналмилалӣ дар фазои АвруОсиё мебошад.Дар маҷлиси машваратӣ намояндагони хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ИДМ, СҲШ, СААД, ВКХ Русия, ҳамчунин намояндагони доираҳои илмие, ки ба таҳлили ҷанбаҳои мухталифи вазъ ва таҳдид ба амнияти фазои АвруОсиё машғуланд, ширкат доштанд.Дар нишасти матбуотӣ, ки аз рӯи натиҷаи машварат доир гардид, роҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ А.Новиков зикр намуд, ки вазифаҳои асосии Марказ иборат аз таҳлили вазъияти ҷорӣ ва дидани чораҳои амалӣ ба манзури аз таҳдиди терроризму ифроталабии байналмилалӣ эмин гардонидани давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






