Ҳамкории ХМ ҶТ бо СБМ

Март 29, 2012 11:31

Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии нақшаҳои минбаъда ва эълони авлавиятҳои Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Директори генералии Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) Уилям Лесли Слинг ва раиси намояндагии СБМ дар Тоҷикистон Зайнал Ҳоҷиев дар ҷараёни мулоқот дар ин бора ба роҳбари Хадамоти муҳоҷирати ҶТ Сафиалло Девонаев хабар доданд.Тавре дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо масъалаҳои вазъи ҳамкорӣ дар бахши ҳамоҳангсозии муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистонро муҳокима намуданд.Сафиалло Девонаев ба меҳмонон аз фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва самтҳои ояндаи кори он нақл кард. Сардори Хадамоти муҳоҷирати ҶТ таваҷҷӯҳи Директори генералии Созмони байналмилалии муҳоҷиратро ба зарурати расонидани кӯмак ҷиҳати ташкили марказҳои таълимӣ барои тарбияи мутахассисоне, ки бояд дар хориҷа кор кунанд, ҳамчунин ба омӯзиши забони англисӣ ҷалб намуд. Дар ҷараёни мулоқот Ёддошт дар бораи ҳамкории байни Муҳоҷирати меҳнатии назди Ҳукумати ҶТ ва Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар ҷумҳурӣ имзо гардид.

Март 29, 2012 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд