Ҳамкории Тоҷикстандарт бо Олмон

Март 12, 2012 16:53

Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Тибқи Созишномаи байни Агентии «Тоҷикстандарт» ва Донишкадаи физикию техникии Олмон (РТВ) аз 5 то 9 марти соли равон дар озмоишгоҳҳои метрологии Агентӣ бо иштироки экспертҳои донишкадаи номбурда бори аввал дар Тоҷикистон муқоисаҳои байнилаборатории байналмилалии эталонҳои вазн, ҳарорат ва фишор гузаронида шуд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии «Тоҷикстандарт» иттилоъ доданд, ки дар ҷамъбаст мутахассисони озмоишгоҳҳои метрологии «Тоҷикстандарт» натиҷаҳои назаррас ба даст оварда, сазовори баҳои баланди провайдерҳои байналмилалии Донишкадаи физикию техникии Олмон гардиданд. Инчунин давоми як ҳафта аз тарафи экспертҳои РТВ барои мутахассисони озмоишгоҳҳои метрологии Агентӣ дар мавзӯи «Тарзи ҳисоб кардани буҷаи номуайянии ченкуниҳо» семинари омӯзишӣ гузаронида шуда, иштирокчиёни он соҳиби сертификат гардиданд. Ҳамзамон экспертҳои Донишкадаи физикию техникии Олмон баҳри омода намудани ду озмоишгоҳи метрологии Агентӣ барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштан тибқи стандарти байналмилалии ИСО 17025 ба мутахассисони озмоишгоҳҳои метрологӣ ёрии методӣ расониданд.

Март 12, 2012 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад