Ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ҳимоя мешаванд?

Март 15, 2012 11:38

Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 15 март дар саросари ҷаҳон бо тавсияи СММ ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон қайд мегардад. Ба ин муносибат имрӯз дар Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» бо иштироки соҳибкорону истеъмолкунандагон ҷамъомад баргузор шуд. Дар ҷамъомад зикр гардид, ки самти асосии фаъолияти «Тоҷикстандарт» ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон равона шуда, дар ин самт корҳои муайян амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз ба Агентии «Тоҷикстандарт» 38 аризаи шикоятии истеъмолкунандагон ворид гардид, ки аксарияти онҳо ба таври мусбат ҳалли худро ёфтаанд. Мавриди зикр аст, ки дар робита ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар назди Агентии «Тоҷикстандарт» Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис дода шудааст, ки ба он намояндагони асотсиатсияҳои истеъмолкунандагон, журналистон ва соҳибкорону олимон шомиланд. Шӯро масоили вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро баррасӣ менамояд.

Март 15, 2012 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд