Ҳуҷум бо корд дар ҳолати мастӣ
Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар», Назрулло Асозода).- Санаи 3 марти соли 2012 шаҳрванд Эргашев Ҷонибек Абдуқаюмович (соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт, бекор) дастгир карда шуд. Ӯ рӯзи 2 март соати 23:00 дар ҳолати мастӣ дар деҳаи Марҳамат бо шаҳрванд Аллабердиев Б. (соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд, ҷамоати деҳоти Ошоба, бекор) вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо корди хоҷагии дар дасташ буда ду маротиба ба шикамаш задааст. Дар натиҷа Аллабердиев Б. К. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи Ашт бистарӣ шудааст. Парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 110, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст. Дар ин бора ба «Ховар» котиби матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






