Ҳунаромӯзон шаҳодатномаи хатм гирифтанд
Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар маркази омӯзиши кумитаи Имдоди Хумайнӣ дар вилояти Суғд ба 140 нафар шогирдони курси омӯзиши дӯзандагӣ ва бофандагӣ шаҳодатномаи хатм супориданд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки дар чорабинӣ аз раёсати кумита Акбари Миршикор, мудири кулли мададкори кумита оғои Парпанҷӣ, раиси кумитаи Имдоди Ҳумайнӣ дар Тоҷикистон Саидҷаводи Разавӣ ва намояндагони ахбори умум иштирок доштанд. Аз рӯи иттилоъи манбаъ, дар давоми се моҳ духтарон аз қишри ниёзманди ҷомеа ба омӯзиши ҳунари дӯзандагиву бофандагӣ машғул шуда, ин касбро ба пуррагӣ фаро гирифтанд. Ҳоло дар 7 шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз ҷониби намояндагони Имдод барои фарзандони оилаҳои ниёзманд курсҳои омӯзишӣ фаъолият мекунанд. Дар оянда аз тарафи ин созмон таъсиси ин гуна курсҳо дар навоҳии Ашту Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Табошар дар назар аст. Барои ҳунарҷӯёни шаҳри Хуҷанд таълими ҳунарҳои кафшергарӣ, устои барқ, симкашии автомобил ва сантехникӣ ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






