Ҳ.Зарифӣ ба Токио даъват шудааст
Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар»). – 26 март муовини вазири корҳои хориҷии Ҷопон Ҷо Накан аз рӯи натиҷаи мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар дар чаҳорчӯбаи Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) баргузор гардид, ба журналистон изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар амри барқароршавии сулҳу суботи Афғонистон мақоми асосиро касб намудааст. Мувофиқи суханони мавсуф, моҳи июли соли равон дар шаҳри Токио конфронси байналмилалӣ оид ба қазияи Афғонистон баргузор шуда, тирамоҳ роҳандозӣ намудани муколамаи асосии «Ҷопон ва Осиё» дар назар аст.«Ба конфронси мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ даъват шудааст. Мо аз он хурсандем, ки Президенти Тоҷикистон ташаббусамонро пуштибонӣ намуд. Ғайр аз ин, мо имсол 20 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии миёни Тоҷикистону Ҷопонро таҷлил менамоем. Дар робита бо ин дар ҷараёни гуфтушунид аҳд кардем, ки муносибатҳои дӯстонаро минбаъд ҳам рушду густариш диҳем», — гуфт Ҷо Накан.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






