Ҷаласаи комиссия

Март 5, 2012 15:33

Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов ҷаласаи комиссияи оид ба тарҳрезии лоиҳаи таҳрири нави Кодекси андози Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре дар Маркази матбуоти Вазорати молияи мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муовини вазири молияи ҶТ Ҷамшед Норинов дар ҷараёни ҷаласа зикр намуд, ки аз муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, ассосиатсияҳо, соҳибкорон ва шахсони алоҳидаи ҳуқуқӣ бобати тарҳрезии лоиҳаи таҳрири нави Кодекси андози ҶТ ба унвонии комиссия расидааст. Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, бахши инфиродӣ ва тоҷирони ассосиатсияҳо иштирок доштанд. Алҳол гурӯҳи корӣ пешниҳоду хулосаҳоро аз рӯи лоиҳаи таҳрири нави Кодекси андози ҶТ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо муҳокима ва таҳлил менамояд.

Март 5, 2012 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд