Ҷамъбасти мусобиқаи лижаронӣ
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби наврасон, ҷавонон ва кӯдакон ба машғулиятҳои мунтазами варзишӣ, такмилу инкишофи ҳамаҷонибаи лижаронӣ бахшида ба Иди Наврӯз санаи 10-11 март дар базаи «Сафедорак»-и ноҳияи Варзоб мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявиро доир ба лижаронии кӯҳӣ миёни кӯдакон, наврасон ва ҷавонон доир намуд. Дар чорабинӣ миёни хурдсолон Маҳмудҷон Эшонов, Дилшоди Миралӣ, Ҷаҳонгири Каромиддин, миёни кӯдакон Баракати Шамсулло, Саидашраф Эшонов, Сайфиддини Низом, миёни наврасон Соҳибназари Турсунмурод, Ҷомии Каромиддин, Қадриддин Ятимов, миёни ҷавонон Ҷовиди Каромиддин, Амриддин Ятимов, Айнидини Шарофиддин, миёни калонсолон Баҳриддин Ғоибов, Камолиддини Низом ва Наврӯз Мардонов ғолиб омаданд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






