Ҷамъомади соҳибкорони кишвари Олтой ва вилояти Хатлон
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Аз 15 то 18 марти соли равон ҳайати намояндагони мақомоти давлатӣ ва корхонаҳои саноатии кишвари Олтойи Федератсияи Русия аз вилояти Хатлон дидан мекунад. Тавре дар шӯъбаи иттилооту таҳлили маъмурияти вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 16 март дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷамъомади соҳибкорони кишвари Олтой ва вилояти Хатлон баргузор мешавад. Иштирокдорони ҷамъомад бо вазъи корхонаҳои саноатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Румӣ шинос мешаванд. Ҳамчунин бо намояндагони комплекси кишоварзию саноатии вилоят ва хоҷагии деҳқонии «Иқбол» — и ноҳияи Қумсангир мулоқот анҷом меёбад. Меҳмонони кишвари Олтой дар ҳошияи бозидашон аз ноҳияҳои вилоят, ҳамчунин аз минтақаи озоди иқтисодии Панҷи Поён ва ноҳияҳои Шаҳритусу Носири Хисрав дидор мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






