ҶДРФТ натиҷаи корашро ҷамъбаст намуд
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дар ҷаласаи раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ), ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҳисоботи муовини раиси ҶДРФТ Кокул Кассиров дар бораи кори иҷрошуда тайи соли 2011 шунида шуд. Дар ҷаласа натиҷаи фаъолияти раисони ҷамъиятҳои дӯстии Тоҷикистон – Ҳиндустон, Тоҷикистон – Русия, Тоҷикистон — Қазоқистон баррасӣ шуданд. Ҳамчунин ҳайати аъзои ҷамъиятҳо аз нав интихоб намуда, ба ҳайати раёсат тағйирот ворид гардид. Мақсад аз чорабиниҳои аъзои ҷамъиятҳо таҳким бахшидани дӯстӣ ва рушди дипломатияи мардумии ҳамаи табақаҳои ҷомеа буд. Дар хотимаи ҷаласа раиси ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев бо медали Федератсияи Русия «Барои таҳкими сулҳу ризоияти байни халқҳо» мукофотонида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






