Ҷойгоҳи Наврӯз дар сарчашмаҳои тоисломӣ
Душанбе, 16 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ҷойгоҳи Наврӯз дар сарчашмаҳои тоисломӣ ва исломӣ»- таҳти чунин унвон 29 марти соли равон дар Душанбе конфронси илмию назарӣ баргузор мегардад. Ин чорабинӣ бо ибтикори Маркази исломшиносии назди Президенти ҷумҳурӣ дар доираи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз гузаронида мешавад. Интизор меравад, ки дар конфронс олимону донишмандон доир ба сарчашмаҳои динию таърихӣ ва ҷанбаҳои фарҳангии Наврӯз, оини маздопарастӣ ва робитаи он бо арзишҳои маънавии Наврӯз, Авасто ва фарҳанги Наврӯз, моҳияти этнофарҳангии Наврӯз ва инъикоси он дар сарчашмаҳои динию таърихӣ, асли дунявият ва масъалаҳои сарчашмашиносӣ доир ба адабиёти наврӯзӣ табодули назар менамоянд. Мавриди зикр аст, ки соли равон ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд бо ҳузури сарони кишварҳои минтақа ва ҳайатҳои баландпояи беш аз 40 давлати ҷаҳон таҷлил мегардад. Наврӯз аз ҷашнҳои қадимтарини мардумони эронинажод буда, баргузории он бори нахуст дар аҳди Ҷамшед сурат гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






