2394 зан – роҳбар дар Суғд
Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар арафаи таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.Дар он раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зикр намуд, ки соли чаҳорум аст дар Тоҷикистон бо ибтикори Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон санаи 8 – уми март чун Рӯзи Модар ва рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба мақому мартабаи зан – модар таҷлил мегардад ва ба яке аз идҳои бошукӯҳ ва писандидатарини мардум табдил ёфтааст. Қоҳир Расулзода донишро барои зан — модар пирояи асосӣ хонда, арз дошт: «модаре, ки савод ва дониши комил дорад, албатта, фарзандро шоиста тарбия менамояд, зеро зан ва модари бомаърифат муайянкунанда ва ташаккулдиҳандаи маърифат ва маънавиёти ҳар як миллат аст.Аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳоло шумораи занони роҳбар дар вилояти Суғд ба 2394 нафар расидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






