352 корманди сохторҳои қудратӣ соҳиби хона шуданд
Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар»). — Дар арафаи ҷашни пурифтихори Наврӯзӣ оламофрӯз бо ғамхории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 352 оилаи кормандони сохторҳои қудратӣ соҳиби хонаҳои зебои хизматӣ шуданд. Дар кӯчаи Нусратулло Махсуми пойтахт бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 4 бинои нави 9-ошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон калидҳоро ба қисмате аз соҳибони хуштолеи ин хонаҳо тақдим намуда, онҳоро бо ин рӯйдоди пурфараҳ дар рӯзгори оилавиашон табрику таҳният гуфт. Тавре зикр гардид, дар ин ҷо 352 корманди сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Қушунҳои сарҳадӣ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашаовар ва ғайра соҳиби хонаҳои якҳуҷрагӣ ва дуҳуҷрагию сеҳуҷрагӣ шуданд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сохтмон ва корҳои ороишу таҷҳизи биноҳои истиқоматӣ, аз ҷумла хонаҳои васею барҳавои онҳо, баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки минбаъд низ чунин тарзи кор ривоҷ дода шавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат бо ҷамъи соҳибони хонаҳои нав аз сохторҳои номбурда аз ғамхории пайвастаи роҳбарияти давлату ҳукумат ёдовар шуда, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ва муҳимтар аз ҳама ба муомилаю муносибати хуб бо мардум ҳидоят намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






