8 март модаронро табрик мекунанд

Март 5, 2012 15:32

Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 8 март мардуми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии занонро таҷлил менамоянд. Дар Тоҷикистон ин рӯз ба хотири қадр кардани мақому манзалати зан Рӯзи Модар эълон шудааст. 8 март дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат аст. Чун 8 март ба рӯзи муқаррарии панҷанбе рост меояд, мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» ин рӯз ба 9 март гузаронида намешавад ва он рӯзи корӣ ба ҳисоб меравад. 10 ва 11 март, ки ба рӯзҳои шанбе ва якшанбе рост меоянд, рӯзҳои муқаррарии истироҳат мебошанд. Дар ин бора мудири шӯъбаи ҳуқуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзиев ба АМИТ «Ховар» хабар дод.Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон Рӯзи Модарро дар вақтҳои гуногун таҷлил мекунанд. Дар Тоҷикистон Рӯзи Модар яке аз идҳои дӯстдоштаи мардум гардидааст.

Март 5, 2012 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд