А. Саттор: «Набояд пеши бегонаҳо гардан каҷ намуд»
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар»). — 11 марти соли 2012 аз нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои шариф» 100 сол сипарӣ мегардад.100 сол муқаддам бо ибтикори равшанфикрони тоҷик дар чопхонаи Когон «Бухорои шариф» нашр гардид, ки он дар шароити тангу тори Аморати Бухоро ва дар бедории миллати тоҷик шӯълаи фурӯзонеро мемонд. Бо вуҷуди он, ки баъд аз 153 шумораи нашр «Бухорои шариф» аз чоп бозмонд, аммо дар нашри минбаъдаи дигар рӯзномаҳои тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам овард. Ҷашни якасраи матбуоти тоҷик дар кадом поя таҷлил мегардад? Бо ин ва дигар саволҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» ба Акбаралӣ Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон муроҷиат намуд. Мавсуф гуфт: 100 –солагии чопи нахустин нашрияи тоҷикӣ- «Бухорои шариф», ки Рӯзи матбуоти тоҷик аз он сарчашма мегирад, бори нахуст дар сатҳи баланд истиқбол карда мешавад. Дар маҷлиси тантанавӣ, ки ба ифтихори 100-солагии Рӯзи матбуот дар Душанбе баргузор мегардад, иштироки Президенти мамлакат дар назар дошта шудааст. Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагони мақомоти марбутаи кишвар- Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ ва дигар ниҳодҳои журналистӣ чорабиниҳои гуногун: конфронсу нишастҳоро вобаста ба вазъ, комёбӣ ва дурнамои матбуоти тоҷик бо иштироки собиқадорони соҳа мегузаронад. Рӯзи матбуоти тоҷик рӯзест, ки дар он комёбиҳои матбуот баррасӣ мегарданд ва андеша бояд намоем, ки дар даврае, ки иттилоот василаи асосӣ ва аслиҳаи пуриқтидор гардида, тамоми дунёро идора мекунад, мо чӣ гуна метавонем аз ҳуҷумҳои иттилоотӣ кишвари ҷавони худро ҳифз созем. То ҷое мусаллам аст, ҳуҷумҳои иттилоотӣ нисбат ба кишвари мо дар солҳои охир зиёд шуда истодаанд. Кишварҳои абарқудрати ҷаҳон бо истифода аз нерӯи бузурги расонаӣ, ҳам воситаҳои ахбори электронӣ ва коғазӣ ҳадафҳои сиёсии худро меҳоҳанд дар минтақа пиёда созанд. Он ҳодисаҳое, ки дар кишварҳои арабӣ ва бархе аз давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба вуқӯъ пайвастанд, шаҳодати ин гуфтаҳост. Мавқеи матбуоти тоҷик дар қиёс бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар кадом поя қарор дорад? — Дар қиёс бо кишварҳои ҳамсоя вазъи озодии баён дар Тоҷикистон хуб аст. Инро ман қаблан низ таъкид карда будам. Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки чаро вазъи озодии баён дар Тоҷикистонро бо Амрико ва Аврупо қиёс намекунанд. Худ қазоват намоед, ки Амрикову кишварҳои Аврупо дар зарфи садсолаҳо ба пешрафти иқтисодиёт ноил гардидаанд. Тоҷикистон бошад соли гузашта 20-солагии истиқлолияти худро таҷлил кард. Барои омода намудани рӯзноманигорони ҳирфаӣ чӣ бояд кард? Имрӯз бархе аз донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ба омода намудани мутахассисони бахши журналистика машғуланд, аммо кадрҳое тайёр менамоянд, ки ба талаботи ҷомеаи феълӣ чандон ҷавобгӯ нестанд? — Мисли дигар соҳаҳо дар журналистика ҳам кадрҳои ҳирфаӣ намерасанд. Ман ҷавононро гунаҳгор карданӣ нестам. Бачаҳое, ки имрӯз дар муассисаҳои олии кишвар таҳсил доранд, онҳо дар як давраи мушкил ва бесарусомонӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил намудаанд, аз ин рӯ таҳкурсии қавӣ надоранд. Барои омода намудани кадрҳои хуб бояд барномаи устувори ҳукуматӣ даркор аст. Муаллимон асосан кадрҳои давраи шуравианд. Маоши муаллимонро бояд баланд бардошт. Масалан, дар Чин муаллим назар ба генерал маоши калонтар мегирад. Имрӯз донишгоҳу донишкадаҳо кадри бисёр омода месозанд, вале ба талаботи рӯз ва ҷомеа ҷавогӯ нестанд. То таҳкурсиро мустаҳкам накунем ин масъала роҳи ҳалли худро чандон пайдо карда наметавонад. Бештар мардум нашрияҳои мустақилро мутолиа менамоянд, сабаб чист? — Дар шароти феълӣ нашрияҳои давлатӣ ва хусусӣ роҳи худро доранд. Нашрияҳои хусусӣ бештар ба мавзӯъҳое даст мезананд, ки онҳо бозоргиранд. Дар нашрияҳои давлатӣ сармуҳаррирон чандон ташвиш надоранд, зеро аксари нашрияҳои давлатӣ бо роҳҳои гуногун обуна кунонида мешаванд. Аз ин рӯ, кормандони нашрияҳои мустақил дар фикри онанд, ки ҳаққи қалами журналистро аз кадом ҳисоб диҳанд. Онҳо ба мавзӯҳои диққатҷалбкунанда ва бозоргир даст мезананд. Баъзан рӯзноманигорон ба мавзӯъҳое рӯ меоранд, ки ба рисолати журналистӣ ва менталитети миллати мо хос нест. Вале маҷбур ҳастем, ки расона ё нашрияро қурбони бозор намоем. Аз дигар ҷониб бозори реклама надорем. Мо ният кардем, ки дар миқёси пойтахт барои ташрифи меҳмонон ва шиносоии онҳо бо марказҳои хизматрасонӣ маҷаллаи махсуси тарабхонаҳои пойтахтро таъсис диҳем. Вақте намояндагони мо ба 38 тарабхонаи пойтахт бобати гирифтани ризоияти онҳо рафтанд, ягон роҳбари тарабхона розӣ нашуд. Ҳама харос дорад аз реклама додан. Ҳатто маблағи калон талаб накарда будем. Дар шароити имрӯза ширкатҳое, ки бештар дар бозор рақобат доранд, реклама медиҳанд. Назари Шумо дар мавриди он, ки иддае аз коршиносон бар он ақидаанд, гуё нашрияҳои мустақил манфиатҳои баъзе маҳалҳоро ҳимоят менамоянд, то чӣ андоза ба воқеъият наздик аст? — Мутаассифона ин зуҳурот дар бархе нашрияҳои мустақил ҷо дорад. Ва ҳатто дар сӯҳбати рӯзноманигорон баҳси вобаста ба маҳалҳо эҳсос карда мешавад. Дар ин масъала бо рӯзноманигорон сӯҳбату мулоқот анҷом медиҳем ва таъкид месозем, ки кӯшиш намоед, то аз доираи маҳал берун бароянд. Мо минбар дорем ва ин минбарро бояд ба манфиати маҳалу шахсият истифода накунем, балки ба манфиати миллат, таҳкими ваҳдати миллӣ, баҳри рушди журналистикаи миллӣ ва таъмини амнияти миллию марзу буми кишвармон истифода намоем. Вақте журналист матолиб менависад, бояд аввал хуб андеша намояд, масъалаи баррасишавнадаро дар тарозуи ақлу идрок баркашад, таҳлил намояд ва баъдан онро иншо намуда, пешкаши хонандагон созад. Журналистикаи тоҷик дар шароити феълӣ то чӣ андоза рисолати худро дар ҷомеа амалӣ месозад? — 40 фисади рисолати журналистикаи тоҷик имрӯз қурбони бозор шудааст. Асосан мавзӯъҳои доғи рӯз мавзӯъҳое, ки барои пешрафти ҷомеа заруранд дар канор мемонанд. Рӯзноманигорон ба мавзӯъҳое даст мезананд, ки бардоштани он дар сатҳи матбуот чандон зарурат надорад. Баъзе аз нашрияҳои мустақил ба хотири он, ки дар бозор мақоми худро аз даст надиҳанд, думболи чунин мавзӯҳо мераванд. Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар мавриди дифоъ аз ҳуқуқҳои журналистон кадом корҳоро ба сомон расонидааст? — Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ки дар раёсати он намояндагони тамоми созмонҳои журналистӣ шомиланд, бо намояндагони расонаҳо ҳар сари вақт ҷиҳати ҳифзи озодию манфиатҳои журналистон дар муттаҳидӣ, сӯҳбату мулоқот анҷом медиҳад. Хусусан, дар ҷаласаҳои Шӯрои васоити ахбори омма намояндагони тамоми расонаҳо ҷамъ меоянд ва аз мушкилоти касбӣ ва дигар масъалаҳое, ки ба пешрафти кори онҳо халал мерасонанд, табодули назар мекунанд ва ҷиҳати рафъи мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Ҳамзамон шахсоне, ки нисбати онҳо тавассути мақолаи рӯзноманигори нашрие сухани носазо рафта бошад, ӯ метавонад ба Шӯрои ВАО бо арзу шкоят муроҷиат намояд ва қазияро баррасӣ созад. Яъне, дар ин маврид шахси таҳқиршуда ба додгоҳ муроҷиат намекунад ва қазияи худро дар Шӯрои ВАО ҳалу месозад. Қазия то ба додгоҳ , ки маблағҳои калонро тақозо менамояд, кашида намешавад ва шахси таҳқиршудаю муаллифи мақола ҳам дар ба дари додгоҳ овора ва сарсону саргардон намешаванд. Дар соли 2011 дар шаҳри Хуҷанд «Кохи матбуот» сохта ба истифода дода шуд, ки ин ҳам аз иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҳимояи манфиатҳои кормандони матбуот шаҳодат медиҳад. Дар роҳи пешрафти матбуоти тоҷик кадом мушкилот монеа гардидааст? — Мушкилот дар бахши журналистикаи тоҷик ин ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набудани мутахассисон, ки дар бархе аз шӯъбаю факултаҳои донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ омода мегарданд, яъне масъалаи нокифо будани кадрҳои ҳирфаӣ. Баъдан надоштани бозори реклама, андозбандӣ, бе хонанда мондани нашрияҳо ва дигар масъалаҳое ҳастанд, ки ба рушди журналистикаи тоҷик монеаҳо эҷод намудаанд. Дар шароити феълӣ аксари хонандагони рӯзномаҳо шахсоне, ҳастанд, ки дар замони Шӯравӣ ба камол расидаанд. Ҷавонони имрӯза рӯзнома мутолиа намекунанд. Шояд сабаби рӯзнома нахонадани ҷавонони имрӯза пешрафти нанатехнология, хусусан таъсири шабакаи Интернет бошад? — Ман ба ин фикр розӣ шуда наметавонам. Ин танҳо баҳона аст. Чӣ магар Амрикову кишварҳои аврупоӣ ё худ Ҷопон ба шабакаи Интернет пайваст нестанд ё технологияи муосир, хусусан воситаҳои ахбори электронӣ дар ин давлатҳо рушд наёфтааст? Ҳол он ки сершуморатарин нашрияҳо дар Ҷопон, Амрико ва дигар кишварҳои осиёию аврупоӣ чоп мегарданд. Иллат дар он аст, ки мо фарҳанги рӯзномахониро аз даст медиҳем ва онро бояд эҳё гардонем. Гарон будани нархи рӯзномаҳо чӣ гуна ба эҳёи фарҳанги рӯзномахонӣ мусоидат мекунад? — Воқеъан дар шароити феълӣ нархи рӯзномаҳо гарон аст. Ин ҳам сабаб дорад, коғаз ва тамоми он маводе, ки барои чопи рӯзномаю маҷаллаҳо заруранд аз хориҷа, асосан аз Русия ва Чин ворид карда мешаванд. Бояд нархи рӯзномаю маҷаллаҳои кӯдакона бо дирам арзиш дошта бошанд. Дар ин масъала баъзе монеъаҳо, ки сади роҳи фаъолияти нашрияҳо гардидаанд, аз байн бардошт шаванд. Нархи рӯзномаҳо имкон доранд танҳо тавассути дастгирии давлатӣ ё худ барномаи махсуси давлатӣ танзим гарданд. Инчунин, мавзӯҳое, ки барои ҷомеа зарур ҳастанд, бояд грантҳои давлатӣ ҷудо карда шаванд. Зеро яке аз вазифаҳои давлат таъмини озодии баён дар ҷомеа аст. Нақши рӯзноманигоронро дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед? — Дар шароити феълӣ мо бояд проблемаю мушкилотамонро худамон ҳал намоем. Пеши ҳар кас нолиш накунем, хусусан пеши ҳар хориҷӣ барои маблағҳои ночиз набояд гардан каҷ намоем. Мо рӯзноманигорон бояд манфиатҳои миллату давлатамонро аз ҳар гуна грантҳое, ки бегонаҳо ворид менамоянд ва дорои ҳадафҳои сиёсӣ ва пурзӯр кардани мавқеъи худ дар минтақаанд, эҳтиёт бошем. Президенти мамлакат борҳо таъкид намуда буданд, ки набояд ҳушёрии миллӣ ва сиёсиро аз даст диҳем. Хусусан дар чунин як шароити муҳим ва ҳасос мо рӯзноманигорон бояд ҳушёр бошем. Ба назари ман дар чанд соли охир расонаҳои мустақили тоҷик моҳияти ин масъаларо огоҳона дарк карда, аз манфиатҳои миллӣ ҳимоя намуданд. Барои рӯзноманигорон ҳам мушкил аст, зеро ҳақиқат ва манфиати миллӣ вуҷуд дорад. Аммо ҳолатҳое мешавад, ки манфиатҳои миллӣ аз ҳақиқат болотар меистад. Мисол ҷанги Русия ва Гурҷистон: дар ҳамон давра аз сӯи рӯзноманигорони ин кишварҳо танҳо манфиатҳои миллӣ ҳимоят гардиданд. Дар лаҳзаҳои душвортарин ва рӯйдодҳое, ки тӯли чанд соли охир дар ҷумҳурии мо ба вуқӯъ пайвастанд, рӯзноманигорони тоҷик ҳам аз манфиатҳои миллӣ ҳимоя намуданд. Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоии рӯзноманигорон, хусусан таъмини онҳо бо манзил кадом тадбирҳоро меандешад? Зеро дар шароити феълӣ маоши ночиз ва ҳаққи қаламе, ки рӯзноманигорон мегиранд, ба таъмини рӯзгорашон кофӣ нест. — Дар масъалаи дастрасии рӯзноманигорон ба қитъаи замин ё манзил мактубҳои зиёд аз ҷониби рӯзноманигор ба Иттифоқи журналистон ворид гардидаанд. Мо ҳамаи онро мавриди омӯзиш қарор додем. Дар ҳамкорӣ бо шаҳрдории Душанбе ба зиёда аз 10 нафар рӯзноманигорон дар маҳаллаи «Ховарон» қитъаи замин ҷудо карда шуд. Инчунин, бархе аз рӯзноманигорон бо манзил ҳам таъмин гардиданд. Дар оянда ният дорем, ки дар Иттифоқи журналистон Комиссияи босалоҳият ташкил диҳем, то вазъи иҷтимоии аъзои Иттифоқи журналистон омӯхта шавад. Зеро рӯзноманигороне, ҳастанд, ки дар бахши журналистика собиқаи тӯлонии кории 35-40 -сола доранд, аммо соҳиби манзил нестанд. Яке аз чунин рӯзноманигорон Мирзосафар Шамсиддинов, аст, ки дорои собиқаи зиёди журналистист ва дар хобгоҳи Донишкадаи варзиши ҷумҳурӣ бо аҳли оила ва ҳатто наберагонаш истиқомат менамояд. Чанде пеш ӯ ба мо бо мактуб муроҷиат намуда буданд ва мо аз аҳволаш бохабар гаштем. Чунин рӯзноманигорон кам нестанд. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳам аз куҷо медонад, ки аҳволи рӯзноманигорон дар кадом сатҳ аст. Тавре мегӯянд то тифл гиря накунад, модараш ба ӯ шир намедиҳад. Аз ин рӯ, бояд дар оянда барои корманадони васоити ахбори омма, ки ба ҳайси ҳокимияти чорум дар ҷомеа эътироф гардидаанд, хонаҳои иҷтимоӣ бунёд карда шаванд. Дар Рӯзи ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик журналистон бо чӣ гуна ҷоизаҳо ва тӯҳфаҳои ифтихорӣ қадрдонӣ мегарданд? — Ба ифтихори 100-солагии матбуоти тоҷик ба рӯзноманигорон Ифтихорномаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, нишонҳои «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», инчунин ба 300 нафар рӯзноманигор нишони ҷашнии 100-солагии матбуоти тоҷик ва Ҷоизаи ба номи устод Лоҳӯтӣ супорида мешаванд. Мусоҳиб Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар»