А. Сатторов аҳли қаламро бо иди касбиашон табрик намуд

Март 5, 2012 16:12

Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-11 марти соли равон матбуоти тоҷик 100- сола мешавад. Ба муносибати анҷоми фаъолияти садсола ва фарорасии марҳилаи нави таърихӣ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов ҳамаи рӯзноманигоронро табрик намуда, аз ҷумла изҳор дошт :«Таҳаввулоти матбуоти миллӣ дар 20 соли охир назаррас аст. Пас аз шикасти қолаби матбуоти яккаидеологии давлатӣ дар Тоҷикистон матбуоти мустақил пайдо шуд. Аҳли қалам бар ивази талафоти ҷонӣ ва маънавӣ дар солҳои инқилоби истиқлолият, бархӯрдҳои шаҳрвандӣ, ҷиҳати эъмори ҷомеаи дунявию демократӣ, бедориву худшиносии миллӣ, ташаккули озодии сухан қадамҳои устувор гузоштанд.Имрӯз дастовардҳои садсола бо заҳмату ҷасорати собиқадорони матбуот, зиёиёни номӣ ва насли ҷасури рӯзноманигорони даврони Истиқлолият торафт пойдор мегарданд. Ҷашни садсолагии матбуот ҷомеаи журналистии моро рӯҳу илҳоми тоза бахшида, сӯи фатҳи марраҳои нави касбӣ роҳнамоӣ мекунад. Умеди комил дорам, ки бо талоши дастҷамъона ин рӯзи тақвимиро мазмуну мӯҳтавои нав мебахшем».

Март 5, 2012 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад