Афзоиши истеҳсоли хишт дар Суғд
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Бо мақсади татбиқи «Барномаи рушди масолеҳи сохтмонӣ дар давраи то соли 2015» бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани намудҳои нави масолеҳ ва таҷдиди корхонаҳои амалкунанда идома дорад. Бо дастгирии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд боз як корхонаи нав- ҶДММ «Қувватулло» дар оғози соли ҷорӣ бо иқтидори 2 млн. дона хишт дар як сол ба истифода дода шуд. Маблағи умумии барои сохтмони корхонаи мазкур харҷгардида 300 ҳазор сомониро ташкил менамояд. Барои истеҳсоли хишт гилхоки кони «Хитой» истифода мешавад. Бояд тазаккур дод, ки моҳи январи соли ҷорӣ корхона ба фаъолият шурўъ карда, то ин дам ба миқдори 160 ҳазор дона хишт истеҳсол намудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






